Аз ҳар куҷо расида, ба ҳам норасидаҳо
Шаҳри забоншикастаҳо, аз ҳам гусастаҳо,
Дар раҳгузори ҳодиса сархам нишастаҳо.
Шаҳре, ки дар суруди он матни ягона нест,
Шаҳре, ки дар таронаи он бекарона нест.
Шаҳри дурангзода, дуоташнажодаҳо,
Ҳам ҳошиянишастаҳо, ҳам уфтодаҳо.
Шаҳри ниҳоди хешро барбоддодаҳо,
Мурда, вале баҷой чу Қандили ҷодаҳо.
Шаҳре, ки гӯҳ муслиму бадтар зи кофиранд,
Шаҳре, ки гӯҳ бумиянд, аммо мусофиранд.
Шаҳре, ки чун ба боми он оташ бирехтанд,
Оташгирифтаҳо ҳама ҳар сӯ гурехтанд.
Як кас нагуфт: шаҳри ман ин аст, ин манам,
Инак ману дифоъи дилу ҷони меҳанам?
Эй шаҳри ҳеҷ кас, ба куҷо мерасҳ, дареҷ!
Шаҳри ҳама касҳ, ки чунин бекасҳ, дареҷ!
12.06.1994