ҶАВОБ БА НОМАИ СУЛАЙМОН ЛОИҚ – Лоик Шерали

ҶАВОБ БА НОМАИ СУЛАЙМОН ЛОИҚ

Бокам аз туркони тирандоз нест,
Таънаи тироваронам мекушад.
Ҳофиз
Аз Ҷалолобод омад номаат,
Хондаму ошуфтатар шуд хотирам.
Аз Пуличархӣ, ки ёд овардаӣ,
Чарх зад чун чархи саргардон сарам.

Дар Пуличархӣ бичархидӣ басе,
То мабодо чархи фардо бишканад.
То мабодо он пули меҳру вафо
Байни дарёҳои дилҳо бишканад.

Зинда бод он соати фархундафол,
Чархи ваҳшат дар Пуличархӣ шикаст.
Зонаро чун ришаи ҷони Амин
Инқилоби Савр аз поят гусаст.

Аз Пуличархӣ намерастед агар
Ҳам туву ҳам мисли ту мардони род,
Бозпас мегашт чархи Инқилоб,
Бозпас мегашт чархи адлу дод.

Он ту будиву чу ту размоварон,
К-аз садоқат бар Ватан ҷон бохтед.
Зидди беимонии оли Амин
Як ҷаҳони нури имон сохтед.

Ин туиву мисли ту мардони мард,
К-аз шумо боқист фардо зиндагӣ.
Рӯзе аз хуни шумо чун лолаҳо
Гул кунад дар Дашти марго зиндагӣ!

Ғам махур аз таънаи тироварон,
Чун туӣ ҳамдӯши кӯҳи Тирбанд.
Бими нопокони Покистон макун,
Пок хоҳад буд оби Ҳирманд.

Мо алайҳи он ҳама тироварон
Бо шумо ҳамҷабҳаву ҳамсангарем.
Дар дифои Саври давронофарин
Синаҳои худ сипар меоварем!

Аз Ҷалолобод омад номаат,
Аз Душанбе мерасад пайғоми ман.
Зинда бош андар паноҳи Инқилоб,
Оҳанинҷон – шоири ҳамноми ман!

[1978]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *