НОМА БА ЗИНДОН, БА МАҚСУДИ ИКРОМ – Лоик Шерали

НОМА БА ЗИНДОН, БА МАҚСУДИ ИКРОМ

Барзани Ленин агар Рӯдакӣ шуд,
На ба он соддагию кӯдакӣ шуд.

Пайкари Ленин агар вожун шуд,
Ҷигари ворисаконаш хун шуд.

Буд чун сояи ӯ пояашон,
Рафт ҳам появу ҳам сояашон.

Рафт Ленину тунуксоя шуданд,
Моядоронш тунукмоя шуданд.

Чавкии чанд шикамбора шикаст,
Муҳраи чанд ситамгора шикаст.

Охури чанд камунист шуд нест,
Бар сари мурда ду-¬се мурда гирист…

Ленин ар рафт, фақат нафрин монд,
Нолаи зори ду-¬се иннин монд.

Ту ҳамехостӣ бо пирӯзӣ,
Бо ҳама карруфари наврӯзӣ

Барфарозӣ алами Фирдавсӣ,
Додҳои қалами Фирдавсӣ…

Хостӣ бо фари меҳандорӣ,
Кӯҳи Албурз Душанбе орӣ.

Кӯҳи Албурз Душанбе орӣ,
Ҷои реги сақате бигзорӣ.

Боз Заҳҳок чи заҳҳокӣ кард,
Мағзхориву ғаразнокӣ кард.

Он сари одам агар хурдаву мурд,
Ин сари пайкари Фирдавсӣ хурд…

Ҳар ду аз мост, ҳам он Заҳҳокаш,
Низ Фирдавсии боидрокаш…

Қоима сохтӣ бар Фирдавсӣ,
Лек қоим шуда худ дар ҳабсӣ.

Чун нахонда шаҳи мо “Шаҳнома”,
Кай паи дод биронад хома?

Хомааш хомии ӯ бинвисад,
Нақши гумномии ӯ бинвисад…

Ту аз ин одамакон ҳеҷ машӯр,
Нест чун мурдаашон лоиқи гӯр.

Аз ҳама қасду ғаромат, эй дӯст,
Сари ту бод саломат, эй дӯст.

Рустаму Кова нигаҳдорат бод!
Рӯҳи Фирдавсӣ мададгорат бод!

6.04.1992 – Бемористон

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *