МЕРОСИ ПАДАР – Лоик Шерали

МЕРОСИ ПАДАР

Дар ин потахти бетахтӣ
Гирифторам чунон дар қабзаи сахтӣ,
(Агар ҷамъ оварӣ имрӯз дар як ҷо
Ҳама бадбахти оламро
Ту аз мисоқ то ҳоло,
Надида мисли як тоҷик сарсахтиву бадбахтӣ)
Ки менолам, худовандо,
Балогиро, балобандо,
Чаро ин мулки мардистон
Шуда имрӯз маргистон?

Ба қасди куштани ман кист Азроил?
Барои қатли ман худ кист як қотил?
Ва ё як дашнаи ҷоҳил?
Садо меояд аз Арши муъалло:
Намедонӣ?
Бипурс аз мардуми ғофил…

Бародарро бародар мекушад? –
Ойини меросист.
Сиришти бандаи осист.
Намедонӣ?
Фаротар рав, фурӯтар рав,
Бипурс аз ҳазрати Одам,
Чӣ карданд он ду пураш, он ду ҷоҳил …

Чӣ ҷурми мардуми ғофил?

Дар ин ҳарвонагоҳ чун зиндаӣ, Лоиқ?
Дар ин кушторгоҳ чун зиндаӣ, эй Дил?

18.11.1993

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *