Эҳдо ба профессор
Саъдинисо Ҳакимова
Хоки кишвар хастаю мурда,
Оби кишвар заҳролуд аст,
Ҳам ҳавояш, ҳам фазояш,
Бенавою бонавояш заҳролуд аст.
Ин чӣ рӯзе?
Ин чӣ назми бошу буд аст?
Ин ҳама як сӯ.
Бадтар аз ин ҳолате торих надида:
Шири модар заҳрогин аст,
Яъне ҷавҳар заҳрогин аст!
Шири модар мекушад фарзандҳоро,
Меканад пайвандҳоро.
Шири модар андар атрофи Арал
Баҳри тифлонаш батар шуд аз аҷал!
Модаре, ки пой то сар заҳрогин аст,
Чун бизояд тифли ширинкоми фардо?
Яъне фардо заҳрогин аст,
Яъне истиқболи дунё заҳрогин аст.
Ин чӣ расме?
Ин чӣ ойин аст?
Дар миёни ин ҳама дарду бало
Чун тавон кард орзуи бахти рангин?
Чун тавон кард орзуи умри ширин?
Чун тавон кард орзуи рӯзгори чун шакар?
Чун тавон кард орзуи қаҳрамони сафшикан?
Чун тавон кард орзуи Рустами Дастони дигар?
Шири модар заҳрогин буда бошад,
Заҳрогин муҳтавои зиндагонист.
Зиндагонӣ заҳрогин буда бошад,
Пас чӣ ҷои зиндагонист???
Шири модар заҳрогин аст, эй мардум,
Чӣ ҳолат мерасад?
Шири модар заҳрогин аст, эй мардум!
Қиёмат мерасад!
[1990]