ГӮРИ РОНАНДА – Лоик Шерали

ГӮРИ РОНАНДА

Дар камаргоҳи баланди кӯҳҳо,
Дар хами роҳи нишеби партгоҳ
Гӯри як ронандаи берӯзиест,
К-аз фалокат мурда андар нимароҳ.

Чанбари фармон раҳо гашта зи даст,
Марг оварда зи чархи чанбараш.
Чархи мошин рафта аз фармони ӯ
Ҳамчу ҳукми чархи гардон бар сараш.

З-ин шикасти ногаҳон бишкастааст
Чанбари фармон ба сони ними моҳ,
Ними фармон маҳчасон бар гӯри ӯст
Чун нишони ними умру ними роҳ…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *