Дар Хиросимаю Нагасаки – Лоик Шерали

Дар Хиросимаю Нагасаки
Чун фиканданд бомбаҳои гарон
Даст бар сар ҳамезад аз ҳайрат,
Даст бар сар ҳамезад аз нафрат
Эншитейн – он ягонаи даврон.

Даст бар сар ҳамезаду мегуфт,
К-ин ҳама кори одамизоданд…
Гӯӣ он бомбаҳои марговар
Ба Нагасакию Хиросим не,
Ба сари Эншитейн афтоданд…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *