Барои Маҳмуди Воҳид – Лоик Шерали

Барои Маҳмуди Воҳид
Агар бераҳбалад бошӣ,
Равон шав қад-қади дарё,
Ба умқи наҳр рӯзе мерасӣ, эй дӯст.

Агар бераҳбалад бошӣ,
Ба роҳи рост роҳӣ шав,
Ба авҷи даҳр рӯзе мерасӣ, эй дӯст.

Агар бераҳбалад бошӣ,
Зи роҳи шавқи дил раҳ ҷӯ,
Ба кӯи дилбарони шаҳр рӯзе мерасӣ, эй дӯст.

На аз талқини доварҳо,
На аз тақвими ахтарҳо
Бифаҳмӣ рози ҳастирову оламрову одамро…

Агар худро шиносӣ ту,
Агар худро гудозӣ ту,
Агар худро биҷӯиву биёбӣ андар ин дунё.

Биёбӣ ҳар чӣ меҷӯӣ,
Шиносӣ ҳар чӣ нашносӣ,
Расӣ бар ҳар куҷое, ки бихоҳӣ, эй дилогоҳ!..

[1971]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *