Ало, шодоб соҳилҳо, – Лоик Шерали

Ало, шодоб соҳилҳо,
Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз
Ки рӯзе хушку ҳам мағшуш хоҳад шуд.

Ало, зебои маҳфилҳо,
Ба қадри ҳар чароғи давра мебояд расид имрӯз,
Ки рӯзе аз шамоли ҳодиса хомӯш хоҳад шуд.

Ало, раҳҷӯи манзилҳо,
Ба қадри раҳкушои аввалин бояд расид имрӯз,
Ки фардои шумо ҳам як замоне дӯш хоҳад шуд.

Шумо имрӯз агар аз толеъу бахту насиби хештан мастед,
Дар оғӯши биҳишти дилбарони гулбадан мастед,
Зи атри гесувону кокулони пуршикан мастед,
Замоне завқатон аз кори дунё пир хоҳад шуд,
Замоне навбати базми муҳаббат дер хоҳад шуд.

Ало, беақлу беғамҳо,
Ки фарқи сурату сират намедонед,
Ба қадри нозҳои ёр мебояд расид имрӯз,
Ба қадри лаҳзаи дидор мебояд расид имрӯз:
Ба қадри соқи симину ба қадри чеҳраи бечин,
Ба қадри ёри гулрухсор мебояд расид имрӯз,
Баҳори ҷилвааш пажмурдаву бенур хоҳад шуд.

Ба пои он ниҳоле, ки нишаста бо нигоре хуш
Даме аз ошиқӣ доред нақди рӯзгоре хуш,
Намедонед, рӯзе шохҳои он,
Шуморо чӯби боми гӯр хоҳад шуд!

Ба базме пеши чашмони шумо гар ёр мерақсад,
Ба худ чун мавҷ мепечад, зи сар то пой меларзад.
Агар қадраш намедонед,
Ҳамчун Зӯҳраи раққоса
Рӯзе то фалакҳо дур хоҳад шуд!

Ало, эй соҳибони вақт,
Вақти хеш дарёбед.
Шумо ҳоло ҷавону комрону шодмону зиндаед охир!

Чу рӯзе бар мазори сард мехобед,
Аҷал баҳри шумо фурсат нахоҳад дод,
Ки ҳар нодидаро бинед,
Гули ночидаро чинед,
Ва як дам дар ғами гумкардаҳои хештан гирйед,
Ва як дам он чиро нагрифта будед аз ҷаҳон, гиред.

Шумо эй соҳибони вақт,
Биштобед!
Биштобед!

[1971]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *