ЧАШМАИ ДИЛЁБ – Лоик Шерали

ЧАШМАИ ДИЛЁБ

Дар зимистон оби он гарм аст, гарм,
Фасли гармо сард монанди яхоб.
Оби софи нилгун чун осмон,
Рӯҳпарвар чун шуои офтоб.

Дар сари ду фасл ин оби зулол
Мешавад аз баҳри чӣ радду бадал?
Ё ки худро аз барои ташнагон
Мекунад табдил бо ҷаҳду ҷадал?

Ёфтам: то онки бошад некёд,
То ки қадри хешро афзун кунад,
То ки айни хости мардум шавад,
Баҳри дилёбӣ чунин афсун кунад.

1964

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *