Хостам муддате зиям бедоғ – Лоик Шерали

Хостам муддате зиям бедоғ
Бехато, бегуноҳ, белағзиш
Хостам муддате зиям ором
Бетараф, барканор, беларзиш.

Лек ҳайҳот! Зиндагонӣ гуфт:
Бехато зиндагӣ хато бошад.
Ҳар кӣ ором зистан хоҳад,
Беҳ, ки ҳамсони мурдаҳо бошад.

Хостам тунд бошаму пуршӯр
Саркашу сарфарозу нофармон,
Хостам аз фалак ситора канам,
Дар кафи даст бинамаш тобон.

Лек ҳайҳот! Зиндагонӣ гуфт:
Зӯри беҳудаат миён шиканад.
Ҳар дарахти баландро дар боғ
Аз ҳама пеш оташак бизанад,

Хостам бошитоб раҳ пӯям
Зиндагӣ панд дод: оҳиста!
Хостам кунд роҳ паймоям,
Гуфт бозам: Шитоб пайваста!

Хостам то само уруҷ кунам,
Гуфт: афтоданат гарон бошад.
Хостам дар Замин бибошам, гуфт:
Ин на дархурди шоирон бошад…

Инчунин байни осмону замин
Гоҳ орому гоҳ ноором,
Гаҳ шитобону гоҳ оҳиста
Мекунад умри ман давом, давом.

Инчунин ёфтам, ки бофтаест
Зиндагӣ аз нахи баду некӯ.
Ёфтам, ӯст мисли оҳангар,
Пораи оҳанам ба кӯраи ӯ.

Мезанад ҳам ба кӯраи оташ,
Мезанад ҳам ба об бо ҳунаре.
Медиҳад тоб, то ба тоб оям,
То шавам досе, ханҷаре, сипаре…

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *