Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ – – Лоик Шерали

Миёни ин ҳама ғавғои ҳастӣ –
Ҷаҳони пуртазоди орзуҳо.
Миёни корзори ақлу эҳсос –
Ҷаҳони пуршикасти ҷустуҷӯҳо
Ҳама дорем қутби норасида,
Ҳама дорем субҳи нодамида.

Ҳама гулчини боғи орзуем,
Зи худ розиву бахши рӯзгорон,
Вале ҳарчанд гул чинему чинем
Баҳорон ё пас аз ҷӯши баҳорон,
Ҳама дорем гулҳои наруста,
Хуморе, орзуе ношикаста.

Ҷаҳон қурбонгаҳи ҷону ҷигарҳост
Ҷаҳон сарбозиясту сарфарозист.
Валекин бо ҳама фарру бузургӣ
Мукаммал нест он, к-аз хеш розист.
Ҳама дорем роҳи нонавашта,
Ҳама дорем шеъри нонавишта.

Ҳама дар дил суруди носуруда
Ниҳон дар сина як пайғом дорем.
Як оҳанге, ки меҷӯшад ба ногоҳ –
Хурӯши дар забон беном дорем.
Ҳама дорем кони нокушуда,
Ҳама дорем нақди норабуда.

Ҳама як махзани накшода дар дил,
Ҳама як ишқи новарзида дорем.
Ҳама як орзуи нобасомон,
Ҳама як ёри нобӯсида дорем.
Ҳама дорем оҳи нокашида,
Ҳама дорем заҳри ночашида…

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *