Ба зери болиши кӯдак гузоранд
Ба рӯзи нияти гаҳворабандон
Зи рӯи расм як нони тамоме,
Ки бахти комиле ёбад зи даврон.
Ва ё дар зери болиш санг монанд,
Ки дар дунё сараш аз санг бошад.
Намирад дар миёни корзорон,
Базаҳра, пурдилу бонанг бошад.
Вале гӯянд он дам сӯи кӯдак,
Ба зикри фотиҳа, дар зикри одат:
Дилатро мисли нон тақсим манмо,
Мадеҳ онро ба ҳар кӯ пеш ояд.
Сарат аз санг бошад, сахту подор,
Дилат сангин набошад ҳеҷ гоҳе,
Ту охир номбардори куҳистон,
Ба урфу расми аҷдодат гувоҳӣ.
Қатори кӯҳҳо чун корвонанд,
Ту мисли сорбонӣ, чашми роҳӣ…
[1968]