Дӯстон, хушбахт бошед, – Лоик Шерали

Дӯстон, хушбахт бошед,
Дар ҷаҳон бо ёри хушгил!
Дӯстон, хушвақт бошед,
Дар дили ёрони хушдил!.

Ҷои ожанги руху чини ҷабин
Рӯзҳои неки худро бишмаред.
Рӯзатон то бегунаҳ бегаҳ шавад,
Ҳар саҳар бар рӯи тифлон бингаред.

Дидаед оё ки ҳангоми гусел,
Мекашад поезд ҳам оҳи гарон?
Дидаед оё ба вақти зилзила,
Зилзила афтад ба ҷони одамон?

Дӯстон,
Дар зиндагии одамӣ,
Сабз аз сандону зарб аз чаккуш аст.
Баҳри ман ин иттиҳоди сабру зарб
Чун камоли худшиносиҳо хуш аст.

Зинда бодо зарби чаккуш,
Зинда бодо сабри сандон!
То дар ин сон созмони зарбу сабр
Созад инсон теғи буррон!

[1970]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *