Зиндагӣ пираҳани афсурдаст – Лоик Шерали

Зиндагӣ пираҳани афсурдаст
Дарбеҳаш гар бикунӣ, боз дарад.
Раҳи мақсуд, раҳи фардоро
Гар қариб оварӣ, ӯ дур барад.

Зиндагӣ ҳамчу пизишкест, ки ӯ
Гар яке дард табобат бикунад.
Баъди дармони сару сактаи дил
Дарди нав бар ту зиёдат бикунад.

Зиндагӣ шуъбадабозест ғариб –
Моҳҳояш – ҳама дар чаҳ миранд,
Роҳҳояш – ҳама бероҳаю қалб,
Раҳбаронаш ҳама гумраҳ миранд.

Ошиқонаш ҳама дар дашти фироқ
Роҳ пӯянду ба манзил нарасанд.
Дӯстонаш ҳама дилҷӯй, вале
Аз раҳи дил ба раҳи дил нарасанд.

Ташнакоманд ҳама дар лаби рӯд,
Ҷумла хоманд миёни оташ.
Ҳама хомӯш чу хокистари сард,
Гарчи доранд забони оташ.

Бел ронанд ба рафти дарё,
Кам касе ҳаст муқобил биравад.
Ҳар касе бо пули даврон нагузашт,
Бо пули марг бо соҳил бирасад.

[1989]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *