Хира-хира ёдам ояд ҳар замон – Лоик Шерали

Хира-хира ёдам ояд ҳар замон
З-он ҳама нақде, ки настонидаам.
З-он ҳама азме, ки аз ноқобилӣ
Андаруни хеш биншонидаам.

Ёдам ояд з-он ҳама шӯру ҷунун,
Ки фалаҷ шуд аз таҳаммулҳои ман.
То бигирам худ нафас, кардам хафа
Аз гулӯшон дошта, эй вои ман!

Ин замон чун гоҳ-гаҳ ёд оварам,
Дар куҷое ишқ саргардон шуда.
Дар куҷое орзуе бепаноҳ,
Хонаи дил аз хато вайрон шуда.

Дар куҷое ризқи ман ночида монд,
Чун бимонад донае аз хирмане.
Дар куҷое домане аз даст рафт,
Дар куҷое дасти ман дар домане.

Дар куҷое монда лахти дил зи ман,
Дар куҷое нақши поям мондааст.
Дар куҷое як замони зиндагӣ
Бо ҳама ҷурму хатоям мондааст.

Дар куҷое номаҳои беҷавоб,
Дар куҷое бахти ман дар хоб монд,
Дар куҷое қасди ман аз зиндагӣ
Ҳамчу санги сарди қаъри об монд.

Ҳеҷ озодӣ надидам як нафас
Аз худу аз кардаҳои хештан.
Байни куҳҳо ҳар қадар кардам садо,
Нашнавидам ҷуз садои хештан…

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *