Сабзаи сӯхтаи манзараҳо. – Лоик Шерали

Сабзаи сӯхтаи манзараҳо.
Пояи хушки алафҳои кабуд.
Ё худо, дар бари кӯҳу дараҳо
Дина айёми ҷавоним набуд?

Як замон бехабар аз туҳмату қасд
Ману дил ҳар ду як одам будем.
Бо ҳавасҳои ҷавон даст ба даст
Маст аз шавқи домодам будем.

Медавидем ба паҳнои баҳор
Ҳама ҷо – манзараи шевое,
То биёбем чу савғои баҳор
Аз таги барф гули зебое.

Домани махмалии кӯҳу камар
Рангомезии афсонавӣ дошт.
Мо, ки будем наву тозаву тар,
Ҳама андар назари мо навӣ дошт.

Як садо довари ҳақгӯям буд:
Нақд кун, ки ҳама бетакрор аст.
Як садои дигарам мефармуд:
Ғам махур, рӯзи худо бисёр аст…

Модарам ҳар нафас огаҳ мекард,
Ки ҷавонӣ чу саломи раҳакист.
Падарам гоҳ санад меовард:
Аввали пирии мо нуҳмаҳагист.

Ман вале бо дилу ҷон меҷустам
Шеъри ногуфтаи девонамро.
Аз ҳама рӯи ҷаҳон меҷустам
Орзуҳои парешонамро.

То бидидам, ки ҷавониам рафт
Оламе фахру таманно ба бағал.
Захми дил хурдаву ҳам доғи талаф,
Бебадал рафт дар он радду бадал.

То бидидам, ки ба он рангинӣ
Гӯиё бо шабаҳи хотираҳо
Рафт бо духтараке гулчинӣ
Байни ин сардараю подараҳо…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *