ЗАНГӮЛА – Лоик Шерали

ЗАНГӮЛА

Дӯстон рафтанд ҳар сӯ дар талоши зиндагӣ,
Аз барои ризқи пошида ба ҳар самти ҷаҳон.
Он яке ошиқ шуду рафт аз қафои духтаре,
Дигаре бигзашт аз ёраш ба ҳукми дигарон.

Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.
Баъд аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае
Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мушкил аст.

Шеъри шогирдонаи ёрест андар дафтарам,
Байтҳояш бебарору берадифу беҷило.
Ҳамчунон ки ишқи байни мо нашуд ҳамқофия,
Чун дили мо, ки нашуд бо ҳам қарину ҳамсадо.

Дар сари паймонаи май, дар сари дасторхон,
Мо қасам хурдем дар роҳи садоқат бешумор.
Ҳамчу ҷоми дасти бадмасте қасамҳо ҳам шикаст,
Шишаи холист аз он базм бар ман ёдгор.

Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,
Дӯстонро ҷамъ созад, оварад пеши назар.
Як нафас ёди ҷавонӣ бурдаву ҳасрат кунем,
Бишмарем ожангҳои рӯйҳои якдигар.

То бубинам, Устоди зиндагӣ дар тӯли умр,
Дар ҷабину рӯю мӯҳошон чиҳо бинвиштааст.
То бубинам, дар раху дар ҷӯяи ожангҳо
Деҳқони зиндагӣ аз худ чӣ тухме киштааст.

Оҳ, мехоҳам дилам зангӯлаи мактаб шавад,
Созад аз дидори ёрони ҷавонӣ шодмон.
Гаштаю баргашта хонам чун китоби хотирот
Сафҳаи пешонию хатҳои чини рӯяшон.

[1968]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *