Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ – Лоик Шерали

Ба гӯшам мерасад ҳар гоҳу бегоҳ
Садои ошнои ошноҳо.
Ба гӯшам мерасад шабҳо зи куҳсор
Фиғони рӯдҳо дар тангноҳо.

Саҳар як талъате ояд ба чашмам
Бипурсад: “Дар чӣ ҳолӣ, шоири ман?”
Мисоли ахтари паррону сӯзон
Фурӯзон бигзарад аз хотири ман.

Тамоми рӯз саргарми такодав
Миёни баҳси маҷлисҳои бесуд
Зи шеъре мисрае бар ёдам ояд,
Ки гӯӣ баҳси маҷлис баҳси ӯ буд…

Миёни растаи ошуфтабозор,
Бубинам рӯи гармерову ҳайҳот,
Натонам гуфт номаш чӣ, куҷоист,
Ва ё чун чеҳраи ӯ монда бар ёд.

Шабонгаҳ фориғи рӯзи гузашта
Чу бикшоям китобу дафтарамро,
Зи байни сатрҳо бинам пур аз ашк
Нигоҳи интизори модарамро.

Садоҳои шиносу ношиносе
Шабу рӯзон диламро меҳаросанд.
Нигаҳҳои шабаҳранги азизон
Маро дар ҳар куҷое мешиносанд.

Миёни он ҳама дидору овоз
Басо гумкардаҳое дорам аз умр.
Садое гар маро мехонад аз ғайб,
Яқин ман ҳам садое дорам аз умр.

Садои ман уруҷи он садоҳост,
Ки хомӯшанду печон дар асиранд .
Ҳазорон мурдаро ман зинда дорам,
Намирам то ман, онҳо ҳам намиранд…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *