ХУДФУРӮЗӢ – Лоик Шерали

ХУДФУРӮЗӢ

Агар парвонаӣ, даври чароғи хирасӯзе не,
Ба даври офтоби оламоро сӯз, қурбон шав.

Агар ту қатраӣ, ҷои нишасти хешро дарёб,–
Ба рӯи санг не, дар бехи гул резу гулистон шав.

Агар обӣ, мабош ором дар як ҷо чу оби кӯл,
Кушо маҷрои худро, қобили тӯфону туғён шав.

Агар позаҳр бошӣ, баъди марги дӯст беқадрӣ,
Ба сарвақти давоҷӯён биё, бар дард дармон шав.

Ту нахли сабз ҳам бошӣ, зарурат гар бифармояд,
Сари сабзат бисӯзон, гармӣ овар, шуълаафшон шав.

Миёни неку бад, таҳқиру иззат, поку олуда,
Гаҳе тобуткаш бошу гаҳе гаҳвораҷунбон шав.

Хурӯшат ку? Талошат ку? Чароӣ худ асири худ?
Бурун о мисли шеър аз дил, забони безабонон шав.

Биёву дар тиҳигоҳи ҳаёт аз хеш олам соз,
Барои хештан миру барои дигарон ҷон шав!

1963

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *