Офтоб аз об доман баркашад.
Ҳамсуруди мавҷҳои пуршикан
Аз дили ман нағмаҳое сар кашад.
Чарх мегардад сарам гирдобвор
Мебарад чашми маро ҷарёни рӯд.
Як нафас омехта бо мавҷҳо
Мешавад ҳамшӯру ҳамтуғёни рӯд.
Чашм мебардорам аз амвоҷи об,
Боз меёбам, ки андар соҳилам…
Бишнавам аз зарбаҳои латмаҳо
Зарбаи тунди тапишҳои дилам…
Он қадар хоҳам, ки бошам мисли рӯд,
Умри худро сарфи навбофӣ кунад.
Ҳар қадар лойоба омезад ба ӯ,
Дар раҳи туғён варо софӣ кунад.
Баски ман андар сарои обу гил
Хоҳаме донист рози бошу буд.
Гар набошад дар бисоте шоирӣ,
Аз ҳаёҳую такаллуфҳо чӣ суд!?
Хилқати ман маншаи ҳайвонияст,
Маънии ҳастӣ маро инсон кунад.
Ақли ҷӯё панд меёбад зи фанд,
Пои пӯё роҳро осон кунад.
З-ин сабаб чун рӯди оғози баҳор
Гаҳ нагунҷам дар мақоми хештан.
Гоҳ лек он сон бадам ояд зи худ,
Хештанро хоҳам аз нав сохтан.
Хуб медонам, ки ҷуз шеъри расо
Арзу доди оҷизон монад сабил.
Доғи пироҳан ҳама бинанд зуд,
Кас набинад доғи нангу доғи дил…
Хуб медонам, ки саҳни зиндагӣ
Буда ҷанги шишаҳову сангҳо.
Гоҳ худро будаам бо табъи дил,
Гоҳ дур аз хештан фарсангҳо.
Гоҳ то ширин шавад талхии умр
Аз хуми меросие май мезанам.
Оламеро баҳри андарёби худ
Аз замин то осмон пай мезанам.
Мешиносам ҳадди худ дар зиндагӣ,
Мекунам тармим ҳар дам хешро.
Мешиносам кӯри худ бинои кас,
Мешиносам ақли дурандешро.
Лек гарчи бо ҳама нуқсу камол
Бар набарди зиндагӣ омодаам,
Бо ҳама тадбиру эҳсоси наҷиб
Эй шигифто, содаам ман, содаам…
[1975]