Ба дастам ҷоми хайёмӣ,
Лаболаб ҷоми гулфоме.
Дар ӯ ёди ниёгон аст, ҳам ашки бузургон аст,
Дар ӯ шаҳди замину шуълаи хуршеди тобон аст.
Дар ӯ ҳам ахтари афтода аз гардун,
Дар ӯ ҳам ахтари хомӯши ёрон аст.
Дар ӯ ҳам гиряҳои хандаолуд аст,
Дар ӯ ҳам хандаҳои гиряолуд аст.
Дар ӯ ҳам гармии оташ,
Дар ӯ ҳам талхии дуд аст…
Ман аз рӯзе, ки ашки талху шӯрамро
Зи ҷоми чашмҳои хеш нӯшидам,
Ман аз рӯзе, ки мисли рӯдҳо аз модарони кӯҳ
Ҷудо гардидаму доғи ҷудоиро ба ҷони хеш санҷидам
Паёпай бода менӯшам.
Ва донистам, ки дар талхии май ширинии дунёст,
Ва донистам, ки дарди ишқ подоши ҷудоиҳост,
Ва донистам, ки холигоҳи мобайни замину осмон бар мо
Барои сарфарозиҳост;
Ва донистам, ки паҳнои замин дар зиндагии кӯтаҳи одам
Барои бениёзиҳост,
Паёпай бода менӯшам.
Ва инак нӯшбоди ман:
Барои умри бигзашта, ки боли чап бувад бар мо,
Барои умри оянда, ки боли рост хоҳад буд,
Барои он, ки мо ҳастем дар дунё,
Миёни соҳили дирӯзу фардо мисли дарёе,
Хурӯшоне, ситезоне, ба манзил роҳпаймое,
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй бода!
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй бода,
Ки бо ангезаи ту мурдаҳо аз гӯр исён карда бархезанд,
Зи дунё қарзҳои хеш бистонанду бистезанд.
Ва чашми зиндагон дар гардиш ояд лаҳзаи мастӣ,
Сари мастон ба гардиш ояду бовар кунад бар гардиши гардун,
Ва як дам сар ба рӯи даст бигзоранду андешанд,
Ки ночизанд ё чизанд?!
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй ҷоми муборакбод,
Ки то донанд ҳастам Шарқзод – аз кишвари Хайём
Туро то қатраҳои охирин менӯшам, эй ҷоми муборакбод,
Ки то донанд ҳастам ворису ҳамсоғари Хайём!
[1965]