МАН ҒАРИҚАМ… – Лоик Шерали

МАН ҒАРИҚАМ…

Ман ғариқам,
Ду соҳили уммед –
Он яке мекашад ба соҳили чап,
В-он дигар мекашад ба соҳили рост.
З-ин “муҳаббат” ду дасти ман аз тан
Мекананд он ду қотили уммед.

Ҷисми ман меравад ба дарёе,
Ки наёрад ба ёд дунёе…

[1989]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *