Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам – Лоик Шерали

Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам
Ишқи сӯзон, ҷони шайдо доштам
Меҳри афзун, ёри якто доштам,
Рози пинҳон, доғи пайдо доштам,
Як дили ҳамшӯри дарё доштам.

Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
Як кафи бозе чу паҳно доштам,
Як тани танҳои танҳо доштам,
Як дили бо ҷумла дилҳо доштам,
Дар дили имрӯз фардо доштам.

Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
Як сари қурбони сарҳо доштам,
Гӯшае бо ҳамназарҳо доштам,
Тӯшае бо ҳамсафарҳо доштам,
Яъне девони ғазалҳо доштам.

Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
На тавалло, на тазарро доштам,
На муросо, на мадоро доштам,
Ҷоннисорон, ман шуморо доштам,
Ҳақгузорон, ман шуморо доштам!

[1984]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *