Касе, ки хост шоир бошад, аммо – Лоик Шерали

Касе, ки хост шоир бошад, аммо
Зи дасташ байти ғаррое наёмад
Ба безарфии худ қоим шуду рафт,
Аз ин савдои бесомон саломат.

Зи мо сад бор шоиртар бувад ӯ,
Зи мо сад бор қодиртар бувад ӯ,
Сазад хонандагонаш дӯст доранд,
Ба ин сон шоире ихлос оранд…

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *