КОРИСТОН – Лоик Шерали

КОРИСТОН

I

Дар дили ман ду лашкари ҷаррор
Байни ҳам ҷангу шӯрише доранд.
Ҳар кадоме барои матлаби хеш
Гирудору кашокаше доранд.

Он яке ғолибу дигар мағлуб,
Он яке душман асту дигар дӯст.
Гоҳ шайтон яке, дигар раҳмон,
Гаҳ як Аҳриману дигар Ҳурмузд.

Он яке некбин, дигар навмед,
Инаш ором, онаш исёнкор.
Гар яке ҳар замон кунад обод,
Дигаре доимост вайронкор.

Дар ниҳодам ду дил тапад доим,
Байни онҳо ягон муросо нест.
Дар яке аҷз, дар дигар уммед,
Дар дили ман тазоди якумрист.

Он яке доимост заҳматкаш,
Дигаре нозиру тамошогар.
Он яке ҳар нафас кашад ташвиш,
Дигаре беғам асту бемазҳар.

Синаи ман набардгаҳ бошад,
Андар он ҷангу оштиҳоест.
Он чунон ки миёни олимҳо
Баҳсҳо дар сари муаммоест.

Дар сириштам ду нируи носоз
Байни ҳам ҳарбу зарбҳо доранд.
З-ин задухурди беамон ҳар дам
Ҳастиямро ба нестӣ оранд.

Хоҳам аз хештан раҳо бишавам,
Бо мане баднишон даровезам.
Ҳар чи коре кунам, наёрад суд,
Аз худ охир чӣ гуна бигрезам?!

Дар ҷаҳони такодаву таъҷил
Ҳар як одам чу оламе будаст.
Ибтидои накӯиву зиштӣ
Дар сиришти ҳар одаме будаст.

Охири ҷанги музмари моро
Ҳеҷ кас ҳеҷ гаҳ нишон надиҳад.
Одамӣ аз тазоди ботини худ
Ҳеҷ гаҳ хешро амон надиҳад…

II

Ду фарде дар ниҳоди ман ниҳон аст:
Ду фарди байни ҳам ноаҳлу ноҷое,
Ду фарди номуросое:
Яке оқил, дигар ҷоҳил,
Яке фарди ҳавоҷӯе, дигар ошиқ.
Яке масту дигар ҳушёр,
Яке лоиқ, дигар баръакс нолоиқ.
Яке он ман,
Ки аҳли дил зи рӯи шеърҳоям мешиносанд.
Варо аз дур медонанд,
Варо дар шеър мехонанд.
Мане дигар –
Мани бегонае аз ман,
Ки ҳам ман ҳасту ҳам ман нест,
Ки дар ман чун каси нохайрхоҳи ман,
Ва чун айбу гуноҳи ман ниҳон бошад.
Миёни ин ду ман,
(Ту гӯӣ байни ду кишвар
Барои қитъаи марзе)
Талошу ҷангҳои беамон бошад.
Чунон ки ҷурми ҳар ашё ниҳон андар худи ашёст,
Мане дигар ҳам аз як ҷузъи ман пайдо шуда,
Дар ман ниҳон гаштаст.
Ба дӯшам дар раҳи уммедҳо бори гарон гаштаст…
Маро ӯ ҳар нафас монанди шайтон мезанад аз раҳ,
Маро медуздад аз ман,
Маро аз хештан бегона месозад.
Диламро мехурад,
Рӯҳи маро афсурда медорад,
Даруни синаам ғамхона месозад.

…Даруни синаи ман корзоре ҳаст.
Миёни ақлу ҷаҳлам гирудоре ҳаст.
Даруни синаам як душмани ҷонсахт
Ва ҳам як қаҳрамони ҷоннисоре ҳаст.
Ман аз он ишқ меварзам,
Ман аз он бода менӯшам,
Ман аз он шеър мегӯям,
Ман аз он доимо дар хеш меҷӯшам,
Ки бо нируи туғёнҳову исёнҳои эҳсосам
Мани бегонаро аз хештан кам-кам бадар созам.
Мисоли он ки фарроше хасу хасрӯбаҳоро
аз замини хона мерӯбад,
Кунам аз хеш тард ӯрову беҷурме сар афрозам!

III

Дили мо арсаи ҷангу ҷидол аст,
Шаҳиди корзори бемисол аст.
Миёни ҷангҳову оштиҳо
Дили мо қаҳрамони безавол аст.

Садоқат бо хиёнат ҷанг дорад,
Адолат бо разолат ҷанг дорад.
Адӯ бо ҳам умеду ноумедӣ,
Ҳақиқат бо ҷаҳолат ҷанг дорад.

Дили мо дар ҷаҳони худ хурӯшад,
Гаҳе инро харад, онро фурӯшад.
Яқин дорам, ки ҳар ҷангу набарде
Нахуст андар дили инсон биҷӯшад…

Агар хоҳем шоён сар фарозем,
Ба олам хешро некӯ шиносем.
На танҳо бо адӯ, бо хештан ҳам
Бибояд ҳар дақиқа ҷанг созем!

Агар ҳар одами ҳушёру доно
Кушад дар хештан ноодамеро,
Ҷаҳон розӣ шавад аз одамизод,
Шавад аз душманӣ поку мубарро.

…Дили мо арсаи ҷанги ҷаҳонист.
Дили мо саҳни разми ҷовидонист.
Дар ин дунё на танҳо бар адуввон,
Зафар бар хештан ҳам қаҳрамонист!

[1971]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *