Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг, – Лоик Шерали

Зи ҳар кӯҳе бигирам резаи санг,
Зи ҳар дарё бинӯшам як каф обе
Зи ҳар гулбун канам як шохаи гул,
Зи ҳар базме хурам ҷоми шаробе,

Ки афзоям ба дарё қатрае об
Чу рӯзе бигзарам аз дори дунё.
Ба кӯҳе резае, бар гулбуне – гул,
Ба ҳар базме физоям ҷоми саҳбо.

Зи ҳар гӯре бигирам мушти хоке,
Замини шеърро обод созам.
Замини зиндаро бинам барӯманд,
Замини мурдагонро ёд созам.

Зи ҳар роҳе биҷӯям нақши пое,
Ки пеш аз ман кӣ буду чун сафар кард.
Гузашт аз роҳ ё бигзошт раҳро?
Гузашт аз даҳр ё аз худ гузар кард?

Зи ҳар дил доғи пинҳоне бихонам,
Суҷуд орам ба азми сарфарозон.
Ба дунёхурдагон нафрину нафрин,
Ҳазор аҳсант бар дунёшиносон.

Чунон ки олиме аз байни мардум
Бичинад байт ё зарбулмасалҳо,
Ман он сон хешро ҷамъ орам аз халқ,
Зи ҳар ҷузъе, ки дар мо ҳасту дунё.

Ки рӯзе ин ҷаҳонро тарк гӯям
Маро дунё нагӯяд тарк бечиз.
Бигӯям марг беҳ гар бонишон аст,
Зи умри бенишон парҳезу парҳез!

Гузорам дил барои дилфигорон,
Сарамро баҳри сарбозон гузорам.
Ду дастамро чу ду боли уқобон
Барои дурпарвозон гузорам…

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *