Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам, – Лоик Шерали

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Ҳамеша дилкушодиву ҳамеша рӯи хандон буд.
Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Зи ҷӯши хандаю шодӣ на бадгӯӣ, на буҳтон буд.

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Дуруд овардаму пайғом.
Тиҳидаст омадам, аммо
Суруд овардаму илҳом.

Ба ҳар ҷое, ки ман рафтам,
Ҷавонӣ армуғон бурдам.
Ҳазорон ҷом холӣ кардаву базми ҳарифонро
Зи шеъру ханда пур кардам.

Ба ҳар ҷое қадам мондам, қадамҳоям муборак буд,
Ба ҳар кӯе, ки рӯ овардаам, рӯи х(в)ашам доданд.
Лабам пурханда диданду ба роҳам ханда густурданд,
Нигоҳам оташин диданд, ҷоми оташам доданд.

Ба ҳар ҷое, ки рафтам, ҳар шиносу ношиносе буд,
Ба пешаш печухамҳои дили худро кушодам ман.
Сириштамро зи рӯи содагию эътиқоду меҳр
Ба рӯи дасти ӯ ҳамчун хати хоно ниҳодам ман,
Ки гӯё он шиносу ношиносонро
Ман аз рӯзи таваллуд мешиносам,
Ки гӯӣ олами дилҳои ононро
Ман аз рӯи дили худ мешиносам.

Ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Ҳамчу ёри ҳамнафас рафтам,
Ба ҳар ҷое, ки рафтам,
Дӯст рафтам, беғараз рафтам…

[1972]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *