ҶОМАИ ГАДОӢ – Лоик Шерали

ҶОМАИ ГАДОӢ

Чу ман бар арсаи ҳастӣ қадам мондам,
Ту бо уммеди бисёре
Дари ҳар хонае рафтӣ.
Гадоӣ кардӣ аз ҳар хонае як пора газворе –
Нахуст аз модарони серфарзанде,
Сипас аз пири ботадбиру солоре.
Нахуст аз тоқивори мурдаи бодавлату бонанг,
Сипас аз махзани бори арӯси бахтбедоре.

Ба рӯи марзае в-онгаҳ
Миёни пиразанҳои худоҷӯе,
Малофа бар малофа
Пораҳои чанд алвонро
Ба ният дӯхтӣ бо ҳам.
Тамоми халқ гӯӣ бар қади ман ҷома пӯшонид.
Тамоми халқ гӯӣ қисматам бахшид.
Ту гӯӣ, ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гӯӣ, пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.

Ман аз он рӯз, эй модар,
Ман аз он рӯз то имрӯзу то ҳастам
Зи мардум қарздорастам.
Ман аз он ҷомаи садпораву садранг
Тамоми рангҳои зиндагиро хуб санҷидам,
Ва андар хидмати мардум камар бастам.

Кунун ман ҳам ба сони ту
Ба ҳар як хона рӯй орам.
Барои порае тақдир,
Барои порае тадбир.

Барои порае аз саргузашти халқ,
Барои порае аз сарнавишти халқ,
Ки бо ашъори девонам
Тамоми қарзҳоро пора-пора бозгардонам.
Ба ҷои пораи талбидаат ҳар бор
Орам порае ашъор,
Ки дар ҳар пораи ашъор
Бошад порае иқбол…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *