Хона пур буд.
Сад ҷаҳон аз ҳикмати пирона пур буд.
То ту будӣ, модарам,
Мурғи диламро
Ошёни меҳр з-обу дона пур буд.
То ту будӣ,
Ман ҷавони комрон будам.
Биниёз аз буду нобуди ҷаҳон будам.
То ту будӣ, дӯстон ғамхор буданд,
Зиндагӣ осону раҳҳояш ҳама ҳамвор буданд.
Дасти ту то бар сарам буд,
Будам эмин аз қазои осмонӣ.
Ҷои дасти ту кунун, эй модарам,
Осмон афтода гӯӣ бар сарам.
Эй шигифто!
Ин тазоди зиндагонист-
Ту маро зодӣ,
Туро ман гӯр кардам.
Ту маро пайванд кардӣ бо ҷаҳони обу гил,
Ман туро бар хоки бепарво супурдам…
Алвидоъ, эй модари ҷонам, ба шират розӣ шав!
Зиндагии ман агарчи аз каму ғам эман аст,
Баъди ту мебинам онро бешукӯҳу бефурӯғ,
Гӯиё
Марги ту оғози пирии ман аст…
[1985]