СУОЛ АЗ МОДАРИ ТОҶИК – Лоик Шерали

СУОЛ АЗ МОДАРИ ТОҶИК

Модари тоҷики ман,
Эй модари бисёрфазанд,
Дар мақоми аввалӣ дар силки зодан,
Дар мақоми аввалӣ ҳам низ дар фарзанд мурдан…

Зоданат оё барои оҳу афғон кардан аст?
Зоданат оё барои доғи қисмат бурдан аст?
Зоданат оё барои хешро афсурдан аст?
Зоданат оё барои мурдан аст?

Шод будам ман агар
Кӯдаконат аз туфулиййат ба улвиййат расанд.
Шод будам ман агар
Кӯдаконат то ба мурдан бар улуҳиййат расанд.

Чашм накшуда ба рӯи ин ҷаҳон
Чашм мепӯшанд бар рӯи ҷаҳон…
Зодани одам агар иди ҷаҳон нест,
Пас ҷаҳон чист?
Пас ҷаҳон нест!
Ё ҷаҳони одамон нест!!!

[1989]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *