МУНОҶОТ БА МОДАР – Лоик Шерали

МУНОҶОТ БА МОДАР

Мӯйҳо даққиву рӯмоли сиёҳ,
Ғабғаби пурчину абрӯи дуранг,
Эй дареғ, ангуштҳо чангак шуда,
Зиндагӣ аммо раҳо гашта зи чанг…

Об меояд зи чашми обрав –
Обҳое, ки гузашта аз сарат.
Раъшаи дасту сару абрӯю лаб –
Ларзаҳое, ки гузашт аз пайкарат.

Боли абрӯят шикаста, модарам,
Гӯӣ аз парвозҳо зер омада.
Пеши дар истодаӣ ҳайрону лол,
Оҳ мегӯӣ, ки рӯзат пур шуда…

Рӯзу шаб варзидӣ фарзандони худ,
То ҳама бошанд ҷонбози Ватан.
Хурдӣ якумре ғами рӯи замин,
Мехурӣ акнун ғами гӯру кафан…

Ин мабодо, ки бибандӣ рахти умр,
Шаҳсутуни рӯзгорам, модарам.
Ин мабодо, ки гузориям сағир,
Раҳнамуни рӯзгорам, модарам.

Модари пирам, худо умрат диҳад,
Зинда бошӣ бар сари шӯридаам.
Пеши ту то ҳол баски кӯдакам –
Кӯдаки нодону новарзидаам.

Пеши ту он кӯдаки деринаам,
Кӯдаки гарданшаху гапнодаро,
Кӯдаке, ки мезадӣ бо химчааш
То надуздад сабча аз полезҳо…

Модари пирам, худо умрат диҳад!
Ин мабодо, ки бимирӣ ногаҳон,
Бо ту мирад давлату дунёи ман,
Баъди ту дигар набошам ман ҷавон…

Модари ҷонам! Ба пирӣ тан мадеҳ,
Пеши пирӣ аз ҷавонӣ ёд кун.
Ҳар нафас бо ёди тифли шоират
Хотири ошуфтаатро шод кун.

Чашми сар гарчи набинад дурро,
Чашми дил пур аз зиёи зиндагист.
Гӯши ту гар нашнавад овозҳо,
Гӯши дил пур аз садои зиндагист.

Зинда бошӣ, зиндагии ман хуш аст,
Бо ту ман бошам музаффар, модарам!
Гар бибандӣ рахт… (он соат мабод!)
Бо ту мемирам баробар, модарам!

[1975]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *