Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ, – Лоик Шерали

Модарам бо дарди худ шому сабо гап мезадӣ,
Зери лаб гап мезадӣ, бо сад дуо гап мезадӣ.

Гиря мекардӣ ниҳон дар пушти девори алам,
Бо алам аз марги хешу ақрабо гап мезадӣ.

Камсухан будӣ, вале то пур бубинӣ бахташон
Баҳри фарзандон паи радду бало гап мезадӣ.

Тоза мекардӣ барои хеш роҳи охират,
Рӯ ба кӯи охират бо илтиҷо гап мезадӣ.

Нимаҷону ниматан мерафтӣ сӯи ломакон,
Бо макони охиринат бесадо гап мезадӣ.

Дар танат хушкида буд завқи тапишҳо, лек боз
Бо умеди зиндагӣ бо зиндаҳо гап мезадӣ.

Шири покат буд позаҳри ҳама носурҳо,
Боз ҳам аз дарди дарди бедаво гап мезадӣ.

Пеши худ то ҳол ҳайронам, ки бо лабҳои хушк
Худ ба худ гап мезадӣ ё бо худо гап мезадӣ…

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *