ЧАШМАИ ШОИР – Лоик Шерали

ЧАШМАИ ШОИР

Ҳеҷ донӣ ба Худгифи Соя
Чашмае ҳаст – Чашмаи шоир.
Номи зебост, номи рӯҳангез,
Рӯҳи касро навозад он охир.

– Лек афсӯс, – худгифие гуфт:
Ҷӯши онро касе куҷо дида?
Сар занад навбаҳор агар як рӯз,
Рӯзи дигар бубинӣ хушкида.

Боз гуфто: зи Чашмаи шоир
Лаб ба гуфтор нокушудан беҳ.
Чашмае мисли он агар бошад,
Шоире мисли он набудан беҳ…

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *