Нуктае бояд бигӯям бар касе огоҳ нест:
Сахтҷонтар дар ҷаҳон аз мардуми Масчоҳ нест.
Дар дили ҷешил бирӯёнад насиби хештан,
Хок гардад дар баҳои як кафи хоки Ватан.
Эй басо “ҷӯи муаллақ” сохта – валлонаҳо,
То бирӯянд аз замири шахзаминҳо донаҳо.
Чашмаи байт аст ҳар сарчашмаи саршори ӯ,
Лаб занад рӯди Зарафшон гӯӣ аз ашъори ӯ.
Қурси нонаш хирмани моҳ асту қурси офтоб,
Дар кафи дасташ бигунҷад ин ҷаҳони хушку об.
Сахт ҳамчун лозури барф аст, дарё офарад,
Нарм ҳамчун бӯи вешим асту таскин оварад.
Кам бувад гӯӣ, ки пеши пои меҳмон бедиранг
Гӯсфанде мекушад. На, на, зи роҳи ному нанг
Пеши пои меҳмони хуб худро мекушад,
Пойандозе ба пош аз пардаи дил мекашад.
Сад ҳазорон бор мемирад ба пои меҳмон
Лек бинӣ зиндатар аз ӯ набошад дар ҷаҳон…
[1986]