ТАЛОҚИ МАРЗИЧ – Лоик Шерали

ТАЛОҚИ МАРЗИЧ

I
Ярч чун сели бало
Субҳдам деҳро фурӯ бурд.
Деҳаи хобида ҷовидон бихобид.
Бонги мурғе барнаёмад он саҳар
Бар сари деҳ нури субҳонӣ натобид.

Сахраҳо,
Харсангҳои ярч
Худ ба худ санги мазори деҳ шуданд.
Деҳаро бистурда аз ёди замин,
Гӯиё худ ёдгори деҳ шуданд.

Ёд меоранд пирон:
Гӯиё аз зери ярч
Нолае бар гӯш меояд ҳанӯз,
Нолаи ҷонкоҳи овози гирифта,
Нолаи талхи ҷигарсӯз.

Нолаи кӣ, нолаи ҷонсӯзи кист?
Нолаи ё модаре ё шоире –
Модаре, ки аз фишори ярчи бераҳм
Тифлро дар раҳми худ афшурду кушт,
Шоире, ки мурд дар лаб байтҳои нодире…

II
Қад-қади дарё биёӣ, ногаҳон бинӣ
Меравад дар коми сангистон Зарафшон,
Мешавад аз дида пинҳон.
Гӯӣ шарёни куҳистон аз тапидан лаҳзае монад фурӯ,
Гӯӣ фарёди куҳистон танг монад дар гулӯ.
Гӯӣ як дам бишканад чилтори шӯрангези машшоқи бузург,
Гӯӣ зиндонӣ шавад яклаҳза оҳанги сутург,
Гӯӣ як дам ром гардад шӯриши ромишгаре,
Гӯӣ гиранд аз гулӯи шеъри вологавҳаре
Ё шоири исёнгаре…

Лек поинтар бубинӣ
Аз зиҳи дандонаҳои сангҳо
Метаровад, медамад, меҷӯшад, исён мекунад,
Боз бар худ омада мастона ҷарён мекунад.
Мешавад озод аз тазйиқи зиндон
Мутриби базми куҳистон,
Шоири оташпарастон…

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *