СУРУДИ ХАЙРБОД – Лоик Шерали

СУРУДИ ХАЙРБОД

Ба ёди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
Исмоил Ҳамзаалиев
Боз меояд баҳору боз механдад чаман,
Нури ман дар рӯи раҳ аз сояҳо гул меканад.
Захми ман дар сиҳҳатии халқ меёбад шифо,
Марги ман дар зиндагии мардумон гум мешавад.

Боз хушрӯёни навдилбохта аз ҷӯши ишқ
Бар ду абрӯ усмаи тар мекашанд.
Боз бо чашмони бозигар харидорони ҳусн
Ҳусни ҳар хушдорро бармекашанд.

Боз мерезад зи шодӣ ашк чашми интизор,
Мешавад ҷашни арӯсӣ, мерасад базми висол.
Боз мепечад ба гардунҳо суруди ёр-ёр.
Меравад аз чеҳраҳо осори андӯҳу малол.

Барқи зулматсӯз дорад чашми ман,
Ин замон, к-аз чор сӯ гирди маро зулмат гирифт.
Ҳамнабардонам ҳама қурбон шуданд,
Дасти танҳоям зи хоки кишварам қувват гирифт.

То як анҷомам сад оғоз оварад.
Хандаи шайтонии душман бадал гардад ба оҳ,
То дари баста дари боз оварад,
То шавад помол фавҷи хасм монанди гиёҳ,

Меравам бар коми оташбори марг,
Хайр, модар!
Ҷомаи мотам напӯш.
Гул кун, эй ояндаам, дар дигарон
(Ту маро бинӣ, набинам ман туро),

Алвидоъ, эй мардумон, хоҳам мудом
Бар шумо рӯзи хушу ҷашни мурод,
Меравам ман аз шумо баҳри шумо,
Ибтидою интиҳои ман – ҳаёт!

Ман чу нутқи нӯшбодам,
Мешавам такрор андар ҷашнҳои ёдбуд.
Шоҳбайти достони безаволам – достони дастбурд.
Ҳамнажоду ҳамсифат бо Шеракам,
Хуни поки тоҷикам,
Мефишонам ман варо бар ҳифзи хоки кишварам.

Ҷашни пирӯзӣ надида меравам,
Меравам, то халқи ман бинад варо.
Меравам, то аз суруди тантана
Бишнавад гӯётар овози маро.

Хайр, хайр, эй изтироби савти “Наврӯзи Аҷам”
Хайр, эй чашмони чори модарам.
Хайр, эй ду милаи марғуладори дилбарам,
Ҷомаи домодии манро ту пӯш, эй додарам!

[1965]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *