Мардуми деҳ хона месозад ҳама соли дароз – Лоик Шерали

Мардуми деҳ хона месозад ҳама соли дароз
Дар гумонаш хонаи нав оварад иқболи нав.
Гарчи обод аст хона, айб меёбад дар ӯ,
Меканад девори куҳна, мезанад деволи нав.

Ҳеҷ агар коре наёбад, меканад дарвозаро
Мешинонад лек онро боз дар ҷои дигар.
Дар гумонаш ҷои дарвоза агар дигар шавад,
Марг раҳгум мезанад дар кӯчаи деҳ дар ба дар…

Ҳотааш гулзор, боровар дарахтонаш ҳама,
Лола мерӯяд баҳорон дар сари деворҳо.
Лек ҳар фасли баҳор илмаш намегирад қарор
То нагирад сар-сари деворро сархорҳо.

Дар гумонаш ҳар чӣ нав бошад, намеёбад халал,
Гӯиё дар хонаи нав раҳ намеёбад аҷал…

[1979]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *