ДУ МАСТЧОҲӢ ДАР ОВРИНГ – Лоик Шерали

ДУ МАСТЧОҲӢ ДАР ОВРИНГ

Қазоро рӯзи равшан ё намози шом
Агар дар овринге нобаҳангом
Ду масчоҳӣ
Зи дунболи ду маркаб –
Маркаби пурбор бо ҳам рӯ ба рӯ меомаданд,
Агар имкони вопас рафтани маркаб намебуд,
Хару бори касе беқадртар бошад, ба ҷанҷоле наарзад,
Ба дарё, ё ба варта мефиканданд аз сари мардӣ,
Ки то бору хари боқадртар осон гузар созад…
Чӣ ҳикмат дорад ин ҳиммат? Нафаҳмидед?…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *