Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о,
Эй накҳати гул, андаке аз ранг бурун о! Олам ҳама аз боли парӣ ойинадор аст,
Гӯ, шиша намудор шаву санг бурун о.
3-ин арсаи аздод макаш нанги фусурдан, Гирам, ҳама тан сулҳ шудӣ, ҷанг бурун о. То шуҳрати вомондагият ҳарза набошад, Як обилавор аз қадами ланг бурун о.
Оби рухи гулзори вафо вақфи гудозест, Хуне ба ҷигар ҷамъ куну ранг бурун о.
То шиша ниҳӣ, санг нишастаст ба роҳат,
Аз хеш тиҳӣ шав, зи дили танг бурун о.
Як лағзиши по ҷодаи тавфиқ талаб кун,
Аз заҳмати чапдин раҳу фарсанг бурун о. Ваҳшаткадаи мову манат гардхиром аст, 3-ин парда чӣ гӯям, ба чӣ оҳанг бурун о? Афсурдагие нсст ба авҳоми тааллуқ, Хдрчанд шарар нестӣ, аз санг бурун о.
Дар нолаи хомӯшнафасон маслиҳате нест, Эй софии матлаб, нафасе занг бурун о. Зиндонии андуҳи тааллуқ натавон зист, Бедил, дилат аз ҳар чӣ шавад танг, бурун о.
РУБОИИ 2
Гар марди раҳӣ, зи табъи худком баро,
Аз печухами васвасаи хом баро.
Эй мункири кайфияти парвози магас,
Бе зина ту низ бар сари бом баро.