Ғазали 3 – Мирзо Абдулқодири Бедил

 ҒАЗАЛИ 3

Ойинаи чандин табу тоб аст дили мо,

Чун доғи ҷунун шуъланиқоб аст дили мо. Умрест, ки чун ойина дар базми хаёлат Ҳайратнигаҳи як мижа хоб аст дили мо. Моему ҳамин мавҷи фиреби нафасе чанд, Сарчашма магӯед, сароб аст дили мо. Паймонаи мо пур шавад он дам, ки биболем, Дар базми ту ҳамзарфи ҳубоб аст дили мо. Оташ зану наззораи бетобии мо кун,

Ҷуз сӯхтан охир ба чӣ боб аст дили мо?! Лаъли ту ба ҳарф омаду додем дил аз даст, Яъне ба суоли ту ҷавоб аст дили мо.

Мо ҷуръакаши соғари саршори гудозем, Шабнамсифат аз олами об аст дили мо.

То чист саранҷоми шумори пафас охир? Умрест, ки дар пойи ҳисоб аст дйли мо. Ҳасратсамари кӯшиши беҳосили хешем, Азбаски нафас сӯхт, кабоб аст дили мо.

Дарё ба ҳубобе чӣ қадар ҷилва фурӯшад? Ойинаи васлему ҳиҷоб аст дили мо.

Сад санг шуд ойинаву сад қатра гуҳар баст, Афсӯс, ҳамон хонахароб аст дили мо.

То ҷунбиши тори нафас афсонатироз аст, Бедил, ба каманди раги хоб аст дили^мо.

РУБОИИ 3

Гардун дар хок агар нишонад моро, Мушкил, ки зи ваҳшат бираҳонад моро.

Мо шӯхии мисраи равони нафасем,

Мард аст касе, ки сакта хонад моро.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *