Ғазали 4 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 4

Агар мардӣ, дари таслим зан, роҳи талаб макию,

Зи ҳар мӯ эҳтиёҷат гар кунад фарёд, лаб макшо.

Хами шамшери ҷуръат сарфи эҷоди тавозуъ кун,

Ба ин нохун ҳамон ҷуз укдаи чини ғазаб макшо. Харидорон ҳама санганд маъниҳои нозукро,

Зиён хоҳӣ кашид, аҷноси бозори Ҳалаб макшо.

Зи илми иззату хорӣ ба маҳҷулӣ қаноат кун,

Тасаллӣ барнамеояд, муаммои сабаб макшо.

Ба нанги инфиолат рағбати дунё намеарзад,

Зеҳи банди қабоят бар фусуни ин ҷалаб макшо.

Адам гуфтан кифоят мекунад то Одаму Ҳавво,

Дигар, эй ҳарзадарси ваҳм, тӯмори насаб мак.

Бинои саркашӣ чун ашк сар то по халал дорад,

Илоҷи сели офат кун, сарбанди адаб макшо.

Ситам мепарварад огӯши гул аз хор парвардан, Забонеро, к-аз ӯ кори дуруд ояд, ба саб макшо.

Ҳузури нурат аз диққатнигоҳӣ нанг медорад,

Ба ранги чашми хаффош ин гиреҳ ҷуз пеши шаб макшо. Сабукрӯҳӣ наёяд рост бо ваҳми ҷасад, Бедил,

Тилисми байза то нашкастаӣ, боли тараб макшо.

РУБОИИ 4

Дар суҳбати дунё, ки надонад худро,

Он гаҳ ба ҳавас бода чашонад худро.

То кай доман зи лавс хоҳӣ дуздид?

Саг чун тар гашт, метаконад худро.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *