Ғазали 7 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 7

Файзи ҳаловат аз дили бекибрукин талаб, Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб.

Пай бурдааст ҳусн ғано дар либоси фақр, Дасти расо зи кӯтаҳии остин талаб.

Дил ҷамъ кун зи бому дари офиятфусун, Осудағӣ зи хонабадӯшони зин талаб. Пашминапӯш рав ба фусурдансаройи шайх, Фасли шито муҳофизат аз пӯстин талаб.

Дасти талаб ба ҳар чӣ расад, муфти аҷз гир, Дур аст осмон, ту мурод аз замин талаб. Гулҳои ин чаман ҳама дар зсри пойи туст,

Эй ғофил аз адаб, ниғаҳе шармгин талаб.

3-ин ҷилваҳо, ки дар назараг саф кашидааст, Ойинадории нафаси вопасин талаб.

Умр аз талош бод ба каф чун нафас гузашт, Чизе наёфт кас, ки биярзад ба ин талаб.

Дил дархӯри шикаст ба иқлими унс тохг, Чинӣ ҳамон ба ҷодаи мӯ рафт чинталаб. Шабнам висоли гул талабид, об шуд зи шарм, Аз ҳар кӣ ҳар чӣ мсталабӣ, ипчунин талаб.

Ин остон ҳаваскадаи арзи ноз нест

Шояд ба саҷдае бихарандат, ҷабин талаб. Бедил, хароши чеҳраи иқбол шуҳрат аст, Ибрат зи корхонаи нақши ниғин талаб.

РУБОИИ 7

Аз фақру фанои ин муҳити асбоб,

Бедил, асари виқору хиффат дарёб.

Ҳарчанд ки сангрсза як мисқол аст,

Чун киштии садманаш намеронад об.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *