Ғазали 6 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 6

Шаб, ки шуд ҷӯши фигонам ҳамнавои андалеб,

Дар арақ гум гашт чун шабнам садои андалеб. Хулқи маъшуқон каманди сайди муштоқон бае аст, Нест гайр аз бӯйи гул занҷири пойи андалеб.

Зсри нақши пойи ӯ мо ҳам сарс дуздидаем,

Сояи гул гар бувад боли ҳумои андалеб.

Ҷилваи гул гар чунин тоқатгудозиҳо кунад,

Баъд аз ин хокистарс ебӣ ба ҷойи андалеб.

Корвони рангубӯро ҳсч ҷо ором нест,

Сад ҷарас мсдорад ин ҷо ҳой-ҳойи андалсб.

Аҷз ҳам моро дар ин гулшан ба ҷое мсбарад,

Нест кам аз нола боли норасои андалсб.

Бар ҷабини барги гул чин метирозад мавҷи ранг, Пур ба сомон аст мсҳроби дуои андалсб.

Эй, ки хоҳӣ поси помуси муҳаббат доштан,

Шарм дор аз дидани гул беризои андалеб.

Х,усн мустагнист аз шуҳратнавоиҳои ишқ,

Ҳеч кас гулро намехоҳад барои андалеб.

Як сари мӯям тиҳӣ аз санъати минқор нест, Нолаандуд аст аз сар то ба пойи андалсб.

Бсдил аз гафлат талоши бистари гул мекунад В-арна зери бол дорад гарм ҷойи андалеб.

РУБОИИ 6

Аз суҳбати ҳар кӣ бурдаӣ бӯйи насиб,

Бояд ба муроди дили ӯ буд қариб.

Аздод ба ҳам намставон кардан ҷамъ,

Ба сиҳҳат бош ошно, ё ба табиб.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *