Ндонам, бозам оғӯши кӣ хоҳад гауд дучор имгааб? Канорам мерамад чун партави шамъ аз канор имгааб. Зи чӯши моҳтоб ин дагату дар кайфияте дорад,
Ки гӯӣ пунбаи миност дар раҳни фишор имшаб.
Зи истиқболу ҳоли ин амалкешон чӣ мепурсӣ?
Қадаҳ дар дасти фардо нест бе ранҷи хумор имшаб.
Зи базми васл дур афканд фикри ҷаннату ҳурат,
Куҷо хобидӣ, эй ғофил, дар оғӯш аст ёр имшаб?!
Пари говус то кай болиши роҳат ба гул гирад, Хаёлафсонаи хобат намеояд ба кор имшаб.
Х,исоби бедимогон фурсати фардо намехоҳад, Фароғат гул куну худро бурун ор аз шумор имшаб. Мабодо хиҷлати вомондагӣ обат кунад фардо,
Ба ранги шамъ агар хоре ба по дорӣ, барор имшаб.
Зи сад шамъу чарогам ғайри ин маънӣ нашуд равшан, Ки зулматҳои дӯш аст он чи гардид ошкор имшаб. Хати пешонӣ аз субҳи қиёмат нусхаҳо дорад,
Бихонед, он чи натвон хонд з-ин лавҳи мазор имшаб. Чу шамъ аз гардани таслими ман бе имтиҳон магзар, Зи ҳар узвам саре бардору бар дӯшам гузор имшаб. Саҳар, Бедил, шикоятномаҳо бояд рақам кардан,
Биё, то дуда гирем аз чароғи интизор имшаб.
РУБОИИ 8
Ин ҷоҳфурӯшон ба ғурури табутоб,
Яксар задаанд ғӯта дар мавҷи сароб.
Афсурдани табъро махонед камол,
Чун гавҳар гашт қатра, хок аст, на об.