Зиҳӣ ҳангомаи имкон ҷунунсози ғарибонат,
Замину осмон як чоки доман то ғиребонат.
Китоби маърифат сатре зи дарси фаҳми маҷҳулат,
Ду олам оғаҳӣ таъбире аз хоби парешонат.
Кадомин роҳу ку манзил? Куҷо метозӣ, эй гофил?!
Ба фикри дашту дар мурдиву дар ҷайб аст майдонат. Ба андози тағофул то ба кай хоҳӣ ҷунун кардан? Ғубор аиғсхт аз олам ба пойи хуф га ҷавлонат.
Ба пеши по намебинӣ, чӣ афсун аст таҳқиқат?
Забоии худ памсфаҳмӣ, чӣ найранг аст урёнат?
На ғайрс хонда афсунат, на Лайлӣ карда маҷнунат, Ҳамои шавқи ту мафтунат, ҳамон чашми ту ҳайронат. Пайи таҳқиқ гардс мскунӣ аз даври бетобӣ,
Надонам, ин қадар бар худ кӣ афшондаст домонат. Шаҳодат то румузи ғайб пур бепарда буд ин ҷо,
Агар меғаштӣ огоҳ аз кушоду басти мижгонат.
Ҷаҳонс нақш бастӣ, лек нанмудӣ ба кас, Бедил,
Ба ин ҳайрат чӣ мактубӣ, ки натвон хонд унвонат?
РУБОИИ 10
Эй ҷавҳари ахлоқи вафо фарҳангат,
Ҷуз сулҳ мабод ойинадори ҷанғат.
Аз ҳар кӣ дилат ғубори нафрат чинад,
Баргард чунон, ки барнагардад рангат.