Ғазали 15 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 15

Ҷон ҳечу ҷасад ҳечу нафас ҳечу бақо ҳеч,

Эй ҳастии ту нанги адам, то ба куҷо ҳеч?

Дидӣ адами ҳастиву чидӣ алами даҳр,

Бо ин ҳама ибрат надамид аз ту ҳаё ҳеч. Мустақбали авҳом чӣ микдор ҷунун дошт? Рафтему накардем нигоҳе ба қафо ҳеч.

Ойинаи имкон ҳавасободи хаёл аст,

Тимсоли ҷунун гар накунад зангу сафо ҳеч. Зинҳор ҳазар кун зи фусункории иқбол,

Ҷуз бастани дастат накушояд зи ҳино ҳеч. Халқест намудор дар ин арсаи мавҳум,

Мардиву занӣ бохта чун хоҷасаро ҳеч.

Бар заллаи ин моида ҳарчанд танидем,

Ҷуз ҳирс начидем чу кашкӯли гадо ҳеч.

То чанд кунад чораи урёнии моро Гардун, ки надорад ба ҷуз ин куҳнаридо ҳеч. Манзил – адаму ҷода – нафас, мо ҳама – раҳрав, Ранҷи абасе мекашад ин қофила бо ҳеч.

Бедил, агар ин аст сару барги камолат,

Таҳқиқи маонӣ ғалату фикри расо ҳеч.

РУБОИИ 15

Бедил, ба ғурури ҷаҳл чун мор манеч,

То тира нагардӣ, ба гулу хор манеч.

Аз номаи инфиол мазмуни зуҳур Дар хат асари тарист, зинҳор манеч.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *