Ҳама кас кашида маҳмил ба ҷаноби Кибриёят, Ману хиҷлати суҷуде, ки накардаам бароят.
На ба хоки дар бисудам, на ба сангаш озмудам,
Ба куҷо барам сарсро, ки накардаам фидоят? Нашавад хумори шабнам майи ҷоми инфиолам, Чу саҳар чӣ мағз чинад сари холӣ аз ҳавоят. Тараби баҳори имкон ба чӣ ҳасратам фиребад,
Ба бари хаёл дорам гули ранге аз қабояг.
Ҳаваси димоги шоҳӣ чӣ хаёл дорад ин ҷо,
Ба фалак фурӯ наояд сари косаи гадоят.
Ба баҳор нуктасозам, зи биҳишт бениёзам, Чаманофарини нозам ба тасаввури лиқоят. Натавон кашид доман зи ғубори мустамандон, Бихирому нозҳо кун, сари мову нақши поят. Нафас аз ту субҳхирман, нигаҳ аз ту гул ба доман, Туӣ он ки дар бари ман тиҳӣ аз ман аст ҷоят.
Зи висол беҳузурам, ба паём носабурам,
Чӣ қадар зи хеш дурам, ки ба ман расад садоят. Нафаси ҳавасхаёлон ба ҳазор нагма сарф аст, Сари дарди сар надорам мани Бедилу дуоят.
РУБОИИ 11
Ин боғ тарабҷӯши баҳори хеш аст,
Ҳангомаи нози гулу хори хеш аст.
Аз паҳлуи номи кас набоядболид,
Ҳар барг нигини эътибори хеш аст.