Ғазали 13 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 13

Бсмағзию дорӣ ба мани сӯхтаҷон баҳс,

Эй пунба, макун ҳарза ба оташнафасон баҳс. Аз як нафас аст ин ҳама шӯри манумоят,

Бар як рағи ғардан чӣ қадар чида дукон баҳс? Бо чарх далсрӣ бувад асбоби надомат,

Эй дидаварон, сарфа надорад ба духон баҳс. Дар тарки таҷаммул алами шӯру шарс нсст, Булбул нанамояд ба чаман фасли хазон баҳс. Аз мадраса дам нозада биғрсз, вағарна, Бархост рағи гардану омад ба миен баҳс.

Дар нусхаи марг аст, гар инсоф тавон ёфт,

То илми фано нсст, ҳамон баҳсу ҳамон баҳс. Аз оҷизии ман ҷигари хасм кабоб аст,

Бо об кунад оташи сӯзанда чӣ сон баҳс?!

Зеру бами ин анҷуман офотхурӯш аст,

Ҳар дам задан ин ҷо дами тсг асту фасон баҳс. Бо санғ ҷунун мскунад андози шарорам, Умрест, ки дорад ба нигаҳ хоби гарон баҳс. Дар маъракаи ҳуш, ки хун бод бисоташ,

То ранғ нағардид, нагардонд инон баҳс.

Гар дарси хамӯшӣ сабақи ҳоли ту бошад, Бедил, нарасад бар ту зи абнои замон баҳс.

РУБОИИ 13

Ҳар кас номуси ғайраташ дар назар аст, Фақраш беш аз ғано далсли зафар аст. Помоли заифӣ нашавад ҷавҳари мард,

Теғе, ки тунукдам аст, буррандатар аст.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *