Он ҷо, ки талаб маҳви таваккул шуда бошад, Пайдост, чароғони ҳавас ғул шуда бошад.
Ин ҷоҳу ҳашам моили иқболи тараб нсст,
Дарди сари гул гашта, таҷаммул шуда бошад. Гар нахли ҳавас саркашиандози тараққист,
Дар решаи гавфиқ таназзул шуда бошад. Мағрур машав, хоҷа, ба сомони касофат,
Бар пушти харон мӯ чӣ қадар ҷул шуда бошад. Осон шумар аз вартаи ташвиш гузаштан,
Гар зери қадам обилае пул шуда бошад.
Сози тараби маҳфили мо нолаи кӯҳ аст,
Ин ҷо чӣ садоҳо, ки на қулқуфшуда бошад. Халқе ба адам дуди дилу доғи ҷигар бурд,
Хоки ҳама сарфи гулу сунбул шуда бошад.
Аз қатраи мо даъвии дарё, чӣ хаёл аст?
Ин ҷузъ, ки гум гашт, магар кул(л) шуда бошад. Дил нашъаи шавқест чамансози табоеъ,
Ангур ба ҳар хум, ки расад, мул шуда бошад. Мовумани изҳор парафшонии ихфост,
Бӯйи гули мо нолаи булбул шуда бошад.
Ҳар дам қадаҳи гардиши он чашм ба рангест, Тарсам, нигаҳи ёр тағофул шуда бошад.
Бедил, дил агар хӯрд қафо аз сари зулфаш, Шодам, ки асири хами кокул шуда бошад.
РУБОИИ 17
Охир асарс зи ошнофаҳм намонд,
Бемсҳрӣ ҷӯш зад, вафофаҳм намонд.
То мояи нанги ҳақгузорӣ нашавад,
Дар машраби шеър ҳам адофаҳм намонд.